Ноябр 03, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Трамп бори дигар БарҶомро зери суол бурд

Раисҷумҳури Амрико бо такрори ин иддао, ки Эрон кишвари қабл аз лағви БарҶом нест, бори дигар ин тавофуқро зери суол бурд.

Доналд Трамп рӯзи ҷумъа, қабл аз сафар ба иёлати Вирҷинияи Ғарбӣ, дар таҳқири ошкор ба муттаҳидони аврупоии имзокунандаи БарҶом ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ин тавофуқи байналмилалиро аҳмақона хонд ва муддаӣ шуд, ки Эрон аз вақте Амрико аз БарҶом хориҷ шудааст, кишвари бисёр мутафовите шудааст ва бо шуруи таҳримҳо зарбаи бузурге мехӯрад.

Давлати Амрико рӯзи ҷумъа аз бозгашти таҳримҳои ҳастаии Эрон аз 5 ноябр хабар дод, ки водор шудааст ҳашт кишварро аз таҳримҳои нафтии ин кишвар муоф кунад.

Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико ҳангоми эъломи ин муофиятҳо эътироф кард, ки ин ҳашт кишвар бар хилофи таҳдидҳои Амрико воридоти нафти худро аз Эрон қатъ накарда ва ҳатто ба андозаи кофӣ коҳиш надодаанд.

Ҳамзамон вазирони хориҷа ва дороии Олмон, Британия ва Фаронса ба ҳамроҳи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи муштараке аз пешрафти чашмгири созукори молии вижаи ин иттиҳодия барои ҳифзи равобити тиҷорӣ ва бонкии худ бо Эрон дар шароити таҳрим хабар доданд.

 

Барчасп