Судури ҳукми эъдоми 103 шаҳрванди Индонезия дар Арабистони Саудӣ
Вазорати умури хориҷаи Индонезия дар гузорише эълом кард, режими Саудӣ 103 шаҳрванди Индонезияро дар фосилаи солҳои 2011 то 2018 ба эъдом маҳкум кардааст.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин 103 шаҳрванди индонезиёӣ, ки умдатан мустахдимон(хидматгор)-и хонагӣ будаанд, эъдом шуда ё дар остонаи иҷрои ҳукм ҳастанд.
Гузориши вазорати хориҷаи Индонезия дар ҳоле мунташир шуд, ки эътирозот дар вокуниш ба эъдоми як мустахдими зани аҳли Индонезия дар Арабистони Саудӣ шиддат гирифтааст.
Мӯътаризон дар шаҳрҳои мухталифи Индонезия бавижа Ҷакарта бо ба роҳандохтани роҳпаймоӣ, хашми худро аз ин иқдоми давлати Саудӣ нишон доданд.
Tuti Tursilawati, мустахдими зани индонезиёӣ ҳафтаи пеш ба иттиҳоми қатл дар Арабистон бидуни иттилоъ ба хонаводааш ва ё мақомоти консулии Индонезия дар ин кишвари арабӣ, гардан зада шуд.
Созмони «ҳимоят аз муҳоҷирон»-и Индонезия, ки дар заминаи дифо аз ҳуқуқи коргарони ин кишвар фаъолият дорад дар ин бора гуфт, Tursilawati муртакиби қатл нашуда, балки аз худ дар баробари корфармои арабистониаш, ки қасди таарруз ба ӯ дошт, дифоъ кардааст.