Ноябр 04, 2018 17:57 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатҳои фиребкоронаи Амрико дар масири сулҳи Афғонистон

Раиси Шӯрои роҳи наҷоти Афғонистон гуфт,Амрико дар пешбурди раванди сулҳ бо он кишвар содиқ нест.

Ба гузориши торнамои Афғонистон Таймс, Акбар Оғо раиси Шӯрои роҳи наҷоти Афғонистон ва узви собиқи Толибон рӯзи якшанбе дар вилояти Хусти ин кишвар эълом кард, бо вуҷуди интисоби Залмай Халилзод ба унвони намояндаи сулҳи Афғонистон, Доналд Тарм раиси ҷумҳурии Амрико ҳануз ҳам роҳбурдҳои ҷангии худро дар Афғонистон иҷро мекунад.

Вай бо баёни инки Кохи Сафед ҳануз ҳеҷ тағйире дар сиёсатҳои ишғолгаронаи худ дар Афғонистон эҷод накардааст афзуд, хуруҷи низомиёни хориҷӣ ва тақвияти як системаи исломӣ дар Афғонистон орзуи ҳар шаҳрванд афғон аст.

Ҷанги Афғонистон баъд аз 17 сол ба тулонитарин ҷанги таърихи Амрико мубаддал шудааст.

Даҳҳо ҳазор афғон ва ҳудуди ду ҳазору чаҳорсад низомии амрикоӣ дар ин ҷанг кушта шудаанд.

 

Барчасп