Ноябр 11, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Мария Захарова: Маскав барои ҷанги иттилоотӣ бо Ғарб омода аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, аз омодагии Маскав барои рӯёрӯӣ бо ҷанги иттилоотӣ, ки ғарбиҳо зидии Маскав ба роҳ андохтаанд, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Мария Захарова сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе гуфт: Русия ҷанги иттилоотиро ба Ғарб набохтааст.

Ин мақоми рус афзуд: Агар Русия бозандаи набарди иттилоотӣ бо Ғарб буд, қонуни марбут ба фаъолияти расонаҳои русӣ дар Ғарб то ин андоза сахтгирона набуд ва аз шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ хоста намешуд, то ин ҳад барои Русия маҳдудият эҷод кунанд.

Ба гуфтаи Мария Захарова, Фаронса, Олмон ва Британия қонуни худро барои маҳдудияти фаъолияти расонаҳои русӣ ташдид кардаанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин гуфт: Иштибоҳи бузурги ғарбиҳо интишори иттилооти ғайривоқеӣ зидди Маскав будааст.

Амрико ва давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла Британия, маҳдудиятҳоеро зидди хабаргузориҳо ва расонаҳои русӣ дар моҳҳои охир эҷод кардаанд.

Ин иқдоми давлатҳои ғарбӣ, бо вокуниши Русия мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп