Ноябр 11, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Толибон бар ҳимояти Амрико ва давлати Афғонистон аз ДИИШ

Раиси Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфт, фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон лоиҳаи муштараки Вашингтон ва Кобул аст.

Шермуҳаммад Аббос Станакзай дар ҷамъи хабарнигорон дар Маскав таъкид кард, ДИИШ як гурӯҳи ғайрибумӣ дар Афғонистон аст, ки аз сӯйи давлати ин кишвар ва Амрико ҳимоят мешавад. Раиси Дафтари сиёсии Толибон афзуд, чанд моҳ пеш террористҳои ДИИШ дар муҳосираи Толибон қарор доштанд, ки бо мудохилаи нерӯҳои амниятии Афғонистон ва бо истифода аз болгардҳои низомӣ наҷот ёфтанд.

Станакзай бо ишора ба худдории давлати Афғонистон аз ширкат дар нишасти сулҳи Маскав тасреҳ кард, давлати Афғонистон салоҳияти ҳукумат бар мардуми ин кишварро надорад, бинобар ин Толибон омодааст, бо аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон музокира кунад. Узви аршади Толибон таъкид кард, Амрико бояд замони хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистонро таъйин кунад ва барои анҷоми он низ бояд як тазмини байналмилалӣ ироа диҳад.

Нишасти сулҳи Маскав ҳаштуму нуҳуми ноябр бо ҳузури аъзои Дафтари сиёсии Толибон ва намояндагони расмию ғайрирасмии шуморе аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико дар Русия баргузор шуд. Намояндагони Толибон дар ин нишаст ба хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон таъкид ва аз гуфтугӯ бо аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ худдорӣ карданд.

 

 

 

Барчасп