Ноябр 18, 2018 10:54 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди мақомоти Афғонистон аз фаъолияти «Ҳизбуттаҳрир»

Фаъолияти созмони террористии «Ҳизбуттаҳрир» дар ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон интиқодҳои густурдаи шахсиятҳои сиёсию мазҳабӣ ва мақомоти Афғонистонро барангехтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, раиси Шӯрои ухуввати исломии Афғонистон гуфт, созмони террористии “Ҳизбуттаҳрир”, ки дар бештари вилоятҳои ин кишвар фаъолият мекунад, барои гурӯҳҳои такфирии ДИИШ ва “Ҷабҳатуннусра” сарбозгирӣ мекунад. Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом афзуд, ин созмони террористӣ ҳамчунин садҳо нафар аз ҷавонони афғонро аз тариқи Покистон ба кумаки “Ҷабҳатуннусра” дар Сурия фиристодааст. Ӯ тасреҳ кард, бо вуҷуди эътирози уламо ва ҳатто шуморе аз мақомоти афғон фаъолияти созмони террористии “Ҳизбуттаҳрир” ҳамчунон идома дорад ва то кунун иқдоме барои ҷилавгирӣ аз фаъолият ва нобудии он сурат нагирифтааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон низ пеш аз ин “Ҳизбуттаҳрир”-ро созмони террористӣ дониста буд, ки фаъолияти он дар Афғонистон бояд мутаваққиф шавад.

Насруллоҳ Некфар, рӯзноманигори афғон ҳам гуфт, созмони террористии “Ҳизбуттаҳрир” дар Афғонистон ошкоро фаъолият мекунад, аммо бархӯрд накардани давлат бо ин созмони террористӣ пурсишбарангез аст.

Бархе аз коршиносон муътақиданд, ки ҳимояти сиёсӣ ва молии кишварҳои арабӣ, бавижа Арабистон аз “Ҳизбуттаҳрир” боис шуда, то давлати Афғонистон аз иқдом алайҳи ин созмони террористӣ худдорӣ кунад.