Ноябр 20, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози иҷлоси байналмилалии

Иҷлоси байналмилалии "Раҳматуллилъоламин" ба муносибати милоди Паёмбари акрам (с) дар Исломобод, пойтахти Покистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, уламои мусалмон аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар ин иҷлоси дурӯза дар бораи таолими Паёмбари акрам (с) ва зиндагии эшон суханронӣ мекунанд. Ширкаткунандагон дар ин иҷлос ҳамчунин дар бораи роҳҳои афзоиши ҳамоҳангии байни мазоҳиби исломӣ бо якдигар ба табодули назар мепардозанд.

Умрон Хон, нахуствазири Покистон дар суханронии ифтитоҳияи иҷлоси “Раҳматуллилъоламин” зарурати пажуҳиш дар бораи зиндагӣ ва омӯзаҳои Паёмбари Ислом (с)-ро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт, давлати Исломобод дар талош аст, то курси сирашиносии Паёмбари акрам (с)-ро дар се донишгоҳи Покистон роҳандозӣ кунад. Ӯ ҳамчунин бо баёни ин ки Ислом дини раҳмат аст, аз ин ки дар кишвари Покистон, ки бар асоси Ислом таъсис шудааст, гурӯҳе бо иддаои нигаҳбонӣ аз дин ба корҳое даст мезананд, ки ранҷ ва осеб барои дигаронро ба дунбол дорад, ибрози таассуф кард.

Ориф Алавӣ, раисҷумҳури Покистон низ дар маросими поёнии ин иҷлос ҳузур хоҳад ёфт.