145 наҳанг дар Зеландияи Нав худашонро куштанд
Дар иқдоми нодире беш аз 145 наҳанг ба таври дастаҷамъӣ дар манотиқи дурафтодаи Зеландияи Нав, дар ҷанубу ғарби уқёнуси Ором худро ба савоҳил расонда ва ба таври дастаҷамъӣ худкушӣ кардаанд.
Ба гузориши ИРНА, мудири бахши ҳифозати зистмуҳитии ҷазоири Стеворти Зеландияи Нав рӯзи душанбе дар ин замина ба расонаҳои ин кишвар гуфт, лошаҳои ин ҳайвоноти азимҷусаи баҳрӣ дар савоҳили Стеворт, дар ҷануби ин кишвар пайдо шудааст. Рен Лепенз гуфт, маъмурони соҳилӣ замоне ин ҳайвонотро пайдо карданд, ки беш аз ниме аз онҳо талаф шуда буданд ва баргардондани соири наҳангҳои ғулпайкар бо чандин тонна вазн ба об низ кори бисёр мушкиле барои гурӯҳҳои зистмуҳитӣ буд ва аз ин рӯ, бақияи онҳо низ ҷони худро аз даст доданд.
Худкушии наҳангҳо ба сурати гурӯҳӣ дар савоҳили Зеландияи Нав дар солҳои ахир афзоиш ёфтааст. Худкушии наҳангу делфинҳо падидаи ношинохта аст, ки далоили мухталифе барои он зикр шудааст. Дар ин иқдом наҳангу делфинҳо худро ба соҳил мерасонанд ва пас аз он ба иллати камобии бадан, фишори вазн ё хафагӣ пас аз ҷазру мад мемиранд. Мутахассисони муҳити зист мегӯянд, агарчи далели ҳаракати наҳангҳо ва делфинҳо ба сӯйи соҳил, он ҳам бар хилофи раванди табиии зиндагии онҳо ба таври комил шинохташуда нест, аммо авомиле монанди беморӣ, иштибоҳ дар киштиронӣ, номуносиб будани вижагиҳои ҷуғрофӣ, ҷазри шадиду ногаҳонии об (поин омадани сатҳи об), фирор аз дасти шикорчиён ё тағйироти ногаҳонию шадиди обуҳавоӣ метавонанд иллати ин ҳодиса бошанд.