Рӯёрӯии низомии Русия ва Украина: марҳилае ҷадид дар буҳрони Украина
Рӯёрӯии киштиҳои ҷангии низомии Русия ва Украина дар баҳри Азов, буҳрони Украинаро вориди марҳилаи ҷадиде кардааст. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Украина эълом кард, ки дар пайи таниши обӣ бо Русия дар баҳри Азов, ин кишвар ба ҳолати омодабоши низомӣ даромада ва кумитаи низомӣ ташкил шудааст.
Созмони амнияти федерали Русия низ шомгоҳи якшанбе дар иттилоияе зимни эъломи омодабоши низомӣ дар минтақаи мавриди муноқиша бо Украина эълом кард, ки се киштии украиниро тавқиф карда ва марзбонони русӣ барои нигоҳ доштани шиноварҳои украинӣ ба сӯйи онҳо оташ кушоданд ва се хадамаи украинӣ захмӣ шуданд.
Украиниҳо муддаӣ шуданд, ки шиноварҳои онҳо тибқи барномаи аз қабл ҳамоҳангшуда ва иттилоъдодашуда аз бандари Одесса ба бандари Мариупол дар баҳри Азов дар ҳаракат буданд ва иқдоми низомии русҳо бар хилофи Конвенсияи ҳуқуқи баҳрҳо сурат гирифт.
Аммо русҳо мегӯянд, ки тарафи украинӣ ҳеч гуна дархосте барои убури шиноварҳои худ аз ин танга ироа накарда буд. Маскав ва Киев хостори ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милал дар хусуси танишҳои ахир дар баҳри Азов шудаанд.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия равиши мақомоти Киев дар истифода аз киштиҳои украинӣ ба манзури иқдомоти таҳрикомез алайҳи Русияро “роҳзанӣ” номид.
Аз дидгоҳи Маскав, Киев дар моҳҳои ахир иқдомоти ҳисобшудае барои афзоиши ҳузури низомӣ дар баҳри Азов бо эъломи омодагӣ барои эҷоди пойгоҳи баҳрӣ ва истиқрори тӯпхонаи соҳилӣ бо ҳадафи низомӣ кардани ин баҳр анҷом додааст.
Ихтилофоти Русия ва Украина, ки дорои пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии густурдае ҳастанд, аз соли 2014 ва пас аз вуқӯи тағйирот дар Украина ва рӯйи кор омадани як давлати ғарбгаро, ки Киев аз он ба унвони “инқилоб” ва Маскав “кудато” ёд мекунанд, оғоз шуд. Пас аз он манотиқи Донетск ва Луганск дар шарқи Украина, ки равобити бисёр наздике бо Русия доранд, хоҳони истиқлол аз давлати марказӣ шуданд, ки худ муқаддимае барои шурӯи як ҷанги дохилӣ буд, ки то кунун беш аз даҳ ҳазор кушта бар ҷой ниҳодааст.
Аммо дар нимҷазираи Қрим низ дар марти 2014 бо баргузории як ҳамапурсӣ бо назорати Русия, беш аз 97 дарсади мардуми он раъй ба ҷудоӣ аз Украина ва пайвастан ба Русия доданд, ки ин масъала бо мухолифати шадиди Киев ва вокуниши тунди Ғарб ба сурати эъмоли таҳримҳои густурда алайҳи Маскав мувоҷеҳ шудааст.
Блоки Ғарб ва дар раъси он Амрико таҳримҳои гуногуни иқтисодиро алайҳи Русия ва шахсиятҳову ширкатҳое, ки дар Қрим фаъолият мекунанд, ҷорӣ кардаанд то Русияро водор ба вогузории муҷаддади Қрим ба Украина кунанд.
Украина аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, зимни напазируфтани Қрим ба унвони ҷузъе аз хоки Русия, ин кишварро ишғолгар бихонанд ва ба Маскав барои бозпас додани ин минтақа ба Украина фишор биоваранд.
Бо ин ҳол, Маскав на фақат ба тамоми ин дархостҳо посухи манфӣ додааст, балки бо бунёди пул бар рӯйи тангаи Керч, иттисоли заминӣ байни Русия ва Қримро барқарор сохта, ки аз сӯйи таҳлилгарон ба унвони иқдоме баёнгар аз азми Маскав барои ҳифзи Қрим арзёбӣ шудааст. Ин танга баҳри Сиёҳро аз баҳри Азов ҷудо мекунад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия борҳо гуфтааст, Маскав дар хусуси бозпас додани Қрим бо ҳеч касе музокира намекунад.
Ба назар мерасад, мақомоти аршади Украина бо таваҷҷуҳ ба баргузории нишасти сарони Гурӯҳи 20 дар Аргентина дар авоили декабр, дар садад ҳастанд то бо иқдомоти таҳрикомез бори дигар таваҷҷуҳи сарони Гурӯҳи -20-ро мутаваҷҷеҳи буҳрони Украина карда ва бо таваҷҷуҳ ба ширкати Путин дар ин нишаст, фишорҳои сиёсӣ алайҳ вай аз ҷониби қудратҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони онҳо барои бозгардонидани Қрим ва низ қатъи ҳимоят аз мухолифони шарқи Украинаро ташдид кунанд. Зимни ин ки ин ҳодисаи дарёӣ баҳонаи муносиберо дар ихтиёри Амрико қарор медиҳад то на фақат равобити низомии худ бо Украинаро густариш диҳад, балки фишорҳои бештареро чӣ дар буъди таҳримҳо ва чӣ дар буъди низомӣ алайҳи Русия ворид кунад.