Ҳушдори панҷ ниҳоди имдодрасонии байналмилалӣ ба Амрико дар бораи ҳимоят аз Арабистон
(last modified 2018-11-26T16:08:22+00:00 )
Ноябр 26, 2018 21:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори панҷ ниҳоди имдодрасонии байналмилалӣ ба Амрико дар бораи ҳимоят аз Арабистон

Панҷ созмони имдодрасони байналмилалии фаъол дар Яман, ба Амрико ҳушдор доданд дар сурате, ки ҳимояти низомии эътилофи Саудиро поён надиҳад, масъули рух додан бузургтарин гуруснагӣ дар даҳаҳои ахир хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, созмонҳои Oxfam, Care, Save International, Save the Children ва Шӯрои паноҳндагони Норвегия (Norwegian Refugee Council) дар баёнияи муштараке, дар бораи идома ёфтани ҳимояти низомии Амрико аз эътилофи Саудӣ, алайҳи Яман ҳушдор доданд ва хостори поён ёфтани ин ҳимоят шуданд.

Ин баёния таъкид мекунад, ҳимояти низомӣ ва дипломатии Амрико аз як тарафи ҷанг, яъне аз Арабистон ва Иморот, мӯҷиби тулонитар шудани даргирӣ дар Яман шудааст.

Баёнияи мазкур Амрикоро масъули амиқтар шудани буҳроне дониста, ки дорои оқибатҳои фаврӣ ва шадиде барои яманиҳо буда ва шаҳрвандони бегуноҳи ин кишвар бояд баҳои онро бипардозанд.

Созмони байналмилалии Oxfam, ки яке аз бузургтарин гурӯҳҳои байналмилалии имдодрасонӣ барои решакан кардани фақр, гуруснагӣ ва беадолатӣ аст, пеш аз ин низ дар гузориши вижа дар бораи паёмадҳои идомаи буҳрони инсонӣ дар Яман, ҳушдор дода буд.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишварро оғоз карда, ки ин ҷангафрӯзӣ ба қурбонӣ шудани беш аз 14 ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ анҷомидааст.