Ноябр 28, 2018 18:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории гуфтугӯҳои Ислом ва даосизм дар Чин

Дувумин даври гуфтугӯҳои Ислом ва даосизм (taoism) бо ҳузури раиси Маркази пажӯҳишҳои исломии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва намояндагоне аз Анҷумани даосизми Чин дар Пекин баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом Аҳмадт Мубаллиғӣ, раиси Маркази пажӯҳишҳои исломии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ин нишаст бо таъкид бар зарурати гуфтугӯ ва таомул байни адёни мухталиф гуфт, ниҳод ва гавҳари дин, инсонҳоро ба шинохт ва таомули бо ҳам даъват мекунад.

Ҳуҷҷатулислом Мубаллиғӣ, чиниҳоро миллате якдаст ва сулҳталаб муаррифӣ кард ва афзуд, Ислом аз инсиҷом ва якпорчагии миллатҳо хурсанд аст.

Ҳуонг Шинён (Гhuang Xinyang), муовини Анҷумани даосизми Чин низ дар ин нишаст гуфт, Чин ба думболи инсиҷом ва ҳамоҳангӣ байни миллатҳои мухталиф аст.

Вай афзуд, бо ҳиммати Анҷумани даосизми Чин ва маркази гуфтугӯҳои адён ва фарҳанги Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон, бистари таомул ва ҳамкорӣ байни Ислом ва даосизм фароҳам шудааст.

Нахустин даври гуфтугӯҳои Ислом ва даосизм соли 2017 дар Теҳрон баргузор шуд.