Ноябр 29, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Македония дар эътироз ба тағйири номи кишварашон

Гурӯҳҳое аз мардум ва ҳомиёни ҳизби мухолифи давлати Скопия дар эътироз ба тавофуқи ин кишвар бо Юнон барои тағйири номи Македония, тазоҳурот карданд.

Ба гузориши Associated Press, ҳазорон тан аз ҳомиёни ҳизби муҳофизакори мухолифи давлати Македония бо барпоии тазоҳурот дар хиёбонҳои Скопия, пойтахти ин кишвар ба тавофуқ бо Юнон барои тағйири номи кишварашон ба Македонияи шимолӣ, эътироз карданд.

Ҳизби муҳофизакори “Созмони инқилоби дохилии Македония- Ҳизби демократия барои ваҳдати миллии Македония” (VMRO-DPMNE) рӯзи чаҳоршанбе бори дигар хостори баргузории интихоботи зудҳангом шуд ва ҳизби ҳокими сотсиал-демократро муттаҳам кард, ки дар 18 моҳи давлатдорӣ, натавонистааст мушкилоти ин кишварро ҳал кунад.

Давлати Юнон ва Македония бо вуҷуди эътирозҳо, барои тағйири номи ин кишвар ба ҷумҳурии Македонияи шимолӣ тавофуқнома имзо кардаанд.

Ҳалли муноқишаи даҳ солаҳо бар сари номи Македония бо Юнон, ки устоне ба ҳамин ном дорад, роҳи Скопияро барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҳамвор мекунад.

 

Барчасп