Ноябр 30, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои ислом дар бораи бозгардондани мусулмонони Руҳингиё

Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои ислом эълом кард, бозгашти мусулмонони Руҳингиё бояд бо тазмини Миёнмор ва Созмони милали муттаҳид бошад.

Ба гузориши хабаргузории Анатолӣ, Алии Қарадоғӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ахборе, ки аз бозгашти мусулмонони овораи Руҳингиё аз Бангладеш ба Миёнмор ҳикоят мекунад, гуфт: Воқеият ин аст, ки набояд руҳингиёиҳоро ба иҷбор бозгардонд ва ба манзури ҷилавгирӣ аз фоҷиаи дигаре алайҳи ин мардум, бояд барои бозгашти онон аз Созмони милали муттаҳид ва кишваре, ки онҳоро берун кардааст (Миёнмор) тазмини комил дарёфт кард.

Вай афзуд: Миёнмор бояд ба ҷомеаи байналмилал тазмин диҳад, ки зиндагии шарофатмандонаро барои мусулмонони Руҳингиё фароҳам мекунад ва онҳоро ба хона ва сарзаминашон бозмегардонад.

Вай афзуд: Мусулмонони Руҳингиё мавриди лату куб, қатл, шиканҷа, зиндон, ихроҷи иҷборӣ, наслкушӣ ва таҷовузи низомёни Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ қарор гирифтаанд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин ҷинояти нажодпарастона сукут ихтиёр кардааст ва танҳо ба маҳкумият ё изҳори назар басанда мекунад.

Мусулмонони Руҳингиё дар Миёнмор аз 25 августи 2017 ҳадафи шадидтарин ҳамлаҳои низомён ва буддоиёни ифротӣ дар ин кишвар қарор гирифтаанд ва Созмони милали муттаҳид ин ҳамлаҳоро наслкушӣ хондааст.