Эътироз ба ихроҷи 60 ҳазор муҳоҷир аз Олмон
Намояндаи Ҳизби чапҳо дар Бундестаг ба тасмими давлати Олмон барои ихроҷи ҳудуди 60 ҳазор муҳоҷир эътироз кард.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Улла Ҷелпке намояндаи Ҳизби чапҳо дар парлумони марказии Олмони федералӣ - Бундестаг гуфт, давлат ба ҷой иҷрои сиёсатҳои сахтгирона ва ихроҷи муҳоҷирон бояд муқаррарот дар мавриди иқомати онҳоро бозбинӣ кунад.
Давлати Олмон эълом кардааст, шумори муҳоҷироне, ки ба таври расмӣ то поёни октябри соли 2018 бояд аз ин кишвар ихроҷ мешуданд, 234 ҳазор нафар буд, ки аз ин идда 177 ҳазор нафар дорои иқомати муваққат ва изтирорӣ ҳастанд.
Петер Алтмайер вазири иқтисоди Олмон низ гуфт, иҷозаи иқомат ба муҳоҷироне, ки пазируфта нашудаанд, аммо бо ҷомеа ҳамгароӣ пайдо кардаанд, мунтафӣ нест.
Ин суханони мақомоти аврупоӣ аз ҷумла Олмон дар шароите матраҳ мешавад, ки дар моҳҳои ахир дар Аврупо қонунҳои сахтгиронае алайҳи муҳоҷирон иҷро шудааст.