Декабр 03, 2018 12:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Лавров дар маврди танишофаринии Амрико дар Сурия

Вазири умури хориҷаи Русия, дар маврди паёмади мудохилот ва танишофаринии Амрико дар Сурия ҳушдор дод.

Сергей Лавров рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи “Russia-1” иқдомоти Амрикоро дар соҳили шарқии руди Фурот, нақзи ҳокимияти Сурия донист ва гуфт, иқдомоти Амрико дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дар шарқи руди Фурот, тамомияти арзии Сурия ва қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милалро нақз мекунад.

Лавров афзуд, Амрико дар талош аст вонамуд кунад, ки иқдомҳояш муваққат аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳаётӣ будани ин мавзӯъ барои кишварҳои минтақа, ин як бозии хатарнок аст.

Вазири умури хориҷаи Русия бо интиқод аз коршиканӣ ва номумедиии Амрико дар бораи раванди сулҳи маддиназари музокироти Остона гуфт, Ғарб дар мавриди Сурия, роҳбурди ҷойгузине аз худ надорад.

Артиши Амрико ба сурати ғайриқонунӣ дар ҳоли эҷод панҷ ҷойгоҳи дидбонӣ наздики марзҳои Сурия ва Туркия дар атроф шаҳри Айн-ул Араб то атрофи шаҳри Tal Abyaz аст.

Бар хилофи қатъномаҳои Созмони Милал, Амрико ҳамчунон ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия идома медиҳад.

Димишқ борҳо бо ирсоли нома ба дабири кулл ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, хостори он шудааст, ки ба иқдомоти Амрико дар ҳимоят аз террористҳо дар Сурия поён дода шавад.