Декабр 03, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Омодагии давлати Афғонистон барои барқарори сулҳ бо Толибон

Давлати Афғонистон бори дигар омодагии худро барои гуфтугӯ ҷиҳати барқарории сулҳ бо Толибон эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Шоҳҳусайн Муртазавӣ, муовини сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон дирӯз дар нишасти хабарӣ аз Толибон хост, барои оғозт гуфтугӯҳои сулҳ бо давлат, аъзои ҳайатт музокиракунандат худро эълом кунад.

Муртазавӣ афзуд: “Агар Толибон вориди гуфтугӯҳои сулҳ шавад, бояд қонуни асосии ин кишварро бипазиранд”.

Ахиран давлати Афғонистон феҳрасти аъзои ҳайати музокиракунанда бо гурӯҳи Толибонро мушаххас кардааст, ки аксари аъзои он мақомоти аршади давлати ин кишвар ҳастанд.

Эҳтиром ба ҳуқуқи занон, пазируфтани Қонуни асосӣ, ироаи хадамоти иҷтимоӣ ва қатъи иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумлаи шартҳои асосии давлати Афғонистон барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон ба шумор меравад.

Толибон ҳам эълом кард, шартҳои эъломшуда барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ хориҷ аз ихтиёроти раисиҷумҳури Афғонистон аст.