Дастури тахриби Кохи нахуствазирии Покистон дар Лоҳур
(last modified Mon, 03 Dec 2018 09:46:10 GMT )
Декабр 03, 2018 14:46 Asia/Dushanbe
  • Дастури тахриби Кохи нахуствазирии Покистон дар Лоҳур

Нахуствазири Покистон дастури тахриби деворҳои Кохи давлат дар Лоҳур, маркази иёлати Панҷобро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Имрон Хон дар ростои мубориза бо ашрофигарӣ ва аз миён бардоштани фосила, байни мардум ва сиёсатмадорони Покистон, дастури тахриб(хароб)-и Кохи нахуствазирӣ дар Лоҳурро содир кард.

Амалиёти тахриби Кохм нахуствазири Покистон аз субҳ имрӯз оғоз шуда ва қарор аст, ба зуддӣ проекти эҳдоси фазои сабз ва парк дар ин минтақа оғоз шавад.

Нахуствазири Покистон афзуд: “Ба зуддӣ ин иқдом дар шаҳрҳои Пешовар ва Карочӣ низ анҷом мешавад ва мардум метавонанд аз парки эҷод шуда, атрофи кохҳои давлатии ин ду шаҳр истифода кунанд”.

Имрон Хон пеш аз интихоби парлумонӣ ваъда дода буд, фосилаи мавҷуд миёни мардум ва давлатмардонро бархоҳад дошт ва соддаи зистиро байни сиёсатмадорони Покистон тарвиҷ хоҳад кард.

Пеш аз ин низ Имрон Хон кохҳои давлатӣ дар шаҳрҳои Карочӣ, Пешовар, Лоҳур ва Исломободро табдил ба мӯзе кардааст.

Ин иқдоми Имрон Хон бо истиқболи бисёри мардум мувоҷеҳ шуд.

Яке дигар аз иқдомоти Имрон Хон дар тарвиҷи соддазистӣ ба ҳароҷ гузоштани мошинҳои гаронқиммат ва беистифодаи давлатӣ буда ва ӯ токунун садҳо дастгоҳ худравро дар музоида, фурӯхта ва ҳазинаи онро ба хазонаи миллӣ бозгардондааст.