Декабр 03, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Як миллиард нафар шумори маълулони ҷаҳон

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид гуфт: Беш аз як миллиард инсон дар ҷаҳон бо гунаҳое аз маълулият зиндагӣ мекунанд.

Антонио Гутерреш дар паёме ба муносибати севуми декабр Рӯзи байналмилалии афроди дорои маълулият гуфт: Дар бисёре аз ҷавомеъ, зиндагии афроди дорои маълулият ба қатъи иртиботи онҳо бо муҳити атроф ва рӯёрӯӣ бо табъиз хатм мешавад.

Вай афзуд: Афроди дорои маълулият аз назари бештари шохисҳои тавсеаи пойдор, дучори маҳрумият ҳастанд, вале дар айни ҳол афзоиши роҳкорҳое, ки ҷомеаҳоро пазирандатар мекунанд ва афроди дорои маълулиятро ба зиндагии мустақил савқ медиҳанд, умедбахш аст.