Декабр 04, 2018 13:58 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат бо аъзои тими музокиракунандаи давлати Афғонистон бо Толибон

Бархе аз аъзои маҷолис ва аҳзоби сиёсии Афғонистон аз Ашраф Ғанӣ хостанд, таркиби ҳайати музокиракунанда бо Толибонро, ки бештари аъзояш аз мақомҳои давлатӣ ҳастанд, тағйир диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Муҳаммад Ориф Каёнӣ, аз аъзои Эътилофи бузурги миллии Афғонистон гуфт, тими музокиракунандае, ки Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо Толибон ташкил додааст, аз мардуми ин кишвар намояндагӣ намекунад. Довуд Алӣ Наҷафӣ, узви аршади Ҳизби меҳвари мардуми Афғонистон ҳам гуфт, аъзои тими музокиракунандаи сулҳ бояд касоне бошанд, ки тарафҳои даргир битавонанд ба онҳо эътимод кунанд. Нодир Афғон, сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон низ эълом кард, ҳайате, ки аз сӯйи давлат таъйин шуда, барои аҳзоби сиёсӣ, мардум ва намояндагони маҷолис қобили қабул нестанд, зеро ин тим комилан ҳукуматӣ аст. Муҳаммад Алам Эзадёр, муовини раиси парлумони Афғонистон низ таъйини аъзои тими музокиракунандаи сулҳ бо Толибонро аз байни мақомоти давлатӣ иқдоми нодуруст донист ва хостори тағйир дар таркиби ин тим шуд. Омина Фазлӣ, аз аъзои палатаи болоии парлумони Афғонистон ҳам гуфт, давлат бояд дар бораи аъзои тими музокиракунанда бо Толибон таҷдиди назар кунад ва касонеро, ки таҷриба ва салоҳияти кофӣ доранд, аз байни аҳзоби сиёсӣ ва ҷавомеи маданӣ интихоб кунад.

Ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон аз 11 нафар ташкил шудааст, ки як нафари он аз парлумон, як нафар аз Шӯрои уламо ва 9 тани дигари он аз мақомоти давлати Кобул ҳастанд.