Декабр 08, 2018 17:40 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Фақат бо Амрико музокира мекунем

Сухангӯи гурӯҳи Толибон дархости давлати Афғонистонро барои музокира рад кард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Шафақно”-и Афғонистон гуфт, гурӯҳи Толибон ҳеҷ музокирае бо Кобул нахоҳанд дошт, бинобар ин ироаи феҳрасти аъзои тими музокиракунандаи давлат, бемаънӣ аст.

Расонаҳои Афғонистон рӯзи ҷумъа бо интишори феҳрасти 28 нафара аз афроди саршиноси давлати Афғонистон хостори он шуданд, ки ин афрод бо гурӯҳи Толибон музокира кунанд.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон афзуд, тасмимгирандаи аслӣ ва ниҳоӣ дар иртибот бо ҷангу сулҳ дар Афғонистон, амрикоиҳо ҳастанд аз ин рӯ, Толибон фақат бо Амрико музокира мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар гурӯҳи Толибон хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз Афғонистонро пешшарти музокира бо давлати Афғонистон эълом карда буданд.

Эҳсон Тоҳирӣ, узв ва сухангӯи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ чанд рӯз пеш аз омодагии Кобул барои гуфтугӯ бо гурӯҳи Толибон дар бораи ҳамаи масоил, аз ҷумла таъдили қонуни асосии ин кишвар ва хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон хабар дода буд.