Эрдуғон: Аврупо дар озмуни демократия ва ҳуқуқи башар шикаст хурдааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40046-Эрдуғон_Аврупо_дар_озмуни_демократия_ва_ҳуқуқи_башар_шикаст_хурдааст
Раисҷумҳури Туркия бо интиқод аз иқдомоти саркубгаронаи нерӯҳои полиси Фаронса бар зидди муътаризон ба низоми сармоядорӣ таъкид кард, Аврупо дар озмуни демократия, ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдин шикаст хурдааст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 09, 2018 13:49 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон: Аврупо дар озмуни демократия ва ҳуқуқи башар шикаст хурдааст

Раисҷумҳури Туркия бо интиқод аз иқдомоти саркубгаронаи нерӯҳои полиси Фаронса бар зидди муътаризон ба низоми сармоядорӣ таъкид кард, Аврупо дар озмуни демократия, ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдин шикаст хурдааст.  

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, бо ибрози нигаронӣ аз иқдомоти хушунатомези полиси Фаронса дар муқобила бо муътаризон ба сиёсатҳои иқтисодии ин кишвар, ҳаргуна ошубу ҳарҷу марҷталабиро маҳкум кард.

Эрдуғон бо ишора ба тасовире, ки оташ задани мошинҳо ва ғорати мағозаҳоро дар Аврупо нишон медиҳад, гуфт: Ин шаҳрвандони худи Аврупо ҳастанд, ки деворҳои амниятӣ ва рифоҳи иҷтимоиро суст мекунанд, на муҳоҷирон ё мусулмонон.

Раисҷумҳури Туркия дар поён таъкид кард, Анкара ончиро дар хиёбонҳои Аврупо рӯй медиҳад, бо нигаронӣ дунбол мекунад.