Иддаои дастёбии Киев ба тавони сохти силоҳи ҳастаӣ
(last modified Mon, 10 Dec 2018 09:09:19 GMT )
Декабр 10, 2018 14:09 Asia/Dushanbe
  • Иддаои дастёбии Киев ба тавони сохти силоҳи ҳастаӣ

Намояндаи собиқи Украина дар НАТО гуфт, Киев аз назари илмӣ, созмонӣ ва молӣ, ба тавоноии тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст ёфтааст.

Петр Гарашук дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионӣ дар Украина афзуд, Украина илова бар тавоноии сохти бомби атомӣ, метавонад кулоҳаки ҳастаӣ барои мушак ҳам бисозад.

Ба гуфтаи вай, танҳо корхонаи тавлиди мушакҳои баллистик дар Украина дар шаҳри Днепропетровск воқеъ шудааст.

Гарашук муддаӣ шуд, ҳеҷ як аз кишварҳои Амрико, Русия ё Чин наметавонанд мушобеҳи мушакҳои тавлидии Украинаро бисозанд.

Вй афзуд, Киев набояд дар бораи сохти силоҳи ҳастаӣ аз таҳримҳои байналмилалӣ битарсад.

Ин изҳороти мақоми собиқи Украина дар ҳоле аст, ки Украина дар декабри 1994 ба Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ пайвастааст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991, бахше аз зарродхонаи ҳастаии Шӯравӣ дар Украинаи тоза истиқлол ёфта боқӣ монд, то ин ки соли 1994 ин кишвар бо имзои тафоҳумномаи Будапешт аз доштани ҷангафзорҳои атом, чашмпӯшӣ кард.