Декабр 11, 2018 20:06 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли густардаи аъзои ДИИШ аз Сурия ба шарқи Афғонистон

Беш аз ду ҳазору 500 узви ДИИШ аз Сурия ба минтақае байни Покистон ва Афғонистон мунтақил шудаанд ва Афғонистон манбаи аслии таҳдиди терроризм дар Осиёи Марказӣ аст.

Анатолий Сидоров, раиси ситоди муштараки артишҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник эълом кард, масъулони ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ мисли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва ҷомеаи кишварҳои мустақил аз ин хатар ба хубӣ огоҳ ҳастанд.  

Сидоров афзуд: Тадобири вижае дар сатҳи миллӣ ва дар чорчуби ин созмонҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар навъи таблиғоти тафаккуроти ифротгароёна ва шаклгирии ҳастаҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ дар назар гирифта шуда, ки натиҷаи ин тадобир вазъи ором ва қобили контрол дар ҳамаи манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон аст.  

Вай гуфт: Ба ақидаи коршиносон, беш аз бист гурӯҳи террористӣ, ки дастикам 50 ҳазор узв доранд ва 40 ҳазор нафар аз онҳо дар ҷунбиши ифротгарои Толибон узв ҳастанд, дар Афғонистон ҳузур доранд.