Декабр 13, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Бахши

Вазири иттилоърасонӣ, мероси миллӣ ва расонаҳои Покистон чаҳоршанбешаб аз масдуд кардани бахши урду ва паштуи торнамои "Садои Амрико" дар Покистон хабар дод.

Ба нақл аз Ирно, Фавад Чадрӣ (Fawad Chaudhry) далели ин иқдомро интишори "гузоришҳои муғризона ва дуруғ" аз сӯи "Садои Амрико" эълом кард.

Вазири иттилоърасонӣ, мероси миллӣ ва расонаҳои Покистон ҳафтаи пеш эълом карда буд шуморе аз вебсайтҳо дар Покистон ба далели нашри "хабарҳои дуруғ" мусдуд хоҳанд шуд.

"Садои Амрико" масдуд шудани вебсайтҳои урду ва паштуи худ дар Покистонро таъид кардааст.

Мақомот ва расонаҳои амрикоӣ борҳо Покистонро ба паноҳ додан ба террористҳо муттаҳам кардаанд. Исломобод, аммо ин иттиҳомотро рад кардааст.

Амрикоиҳо иддао мекунанд Покистон бо ҳимоят аз гуруҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон боиси густариши терроризм ва ноамнӣ дар ин кишвар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мардум ва мақомоти Афғонистон муътақиданд ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон муҷиби афзоиши ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар шудааст.