Декабр 17, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти “зардпушон” дар Олмон

Ҷалиқазардҳо (зардпушон)-и олмонӣ дар ҳамбстагӣ бо мӯътаризони фаронсавӣ, дар шаҳри Мюнхен тазоҳурот карданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Де Велт”, даҳҳо тан аз ҷилиқа зардҳо рӯзи якшанбе дар тазоҳуроте дар шаҳри Мюнхени Олмон, бо фарохони эътилофе аз Ҳизби чапи Олмон ва дар ҳамбастагӣ бо мӯътаризони фаронсавӣ, ширкат карданд.

Ин эътирозот дар Мюнхен дар ҳоле баргузор шуд, ки Ангела Меркел, садриаъзами Олмон, ду рӯзи пеш аз Ҳизби чап хоста буд аз эътирозоти ҷалиқа зардҳо дар Фаронса фосила бигиранд.

Тазоҳуркунандагон дар баёнияе ба сахтии кор ва маҳдудиятҳои зиндагӣ дар Мюнхен эътироз карданд. Як сухангӯи ин ҷунбиши эътирозӣ гуфт, ки эътирозоти дигаре дар ҳафтаҳои оянда дар Гамбург, Лейпсиг, Штутгарт ва Дюсселдорф баргузор мешавад.

Сахра Вагенкнехт (Sahra Wagenknecht), раиси Фраксюни чапҳо дар парлумони Олмон дар ин бора гуфтааст: “Ҳудуди 100 рӯз баъд аз таъсиси ҷунбиши мавсум ба “ба по хезед”, ҳудуди 167 ҳазор нафар аз он ҳимоят кардаанд”.

Эътирозоти ҷалиқазардҳо аз рӯзи 17 ноябр дар фаронса оғоз шуд.

Ин ҷунбиш, дар ибтидо дар эътироз ба афзоиши молиёти сӯхт баргузор шуд бо ин ҳол, дар идома ба тазоҳуроти зидди сармоядорӣ табдил шуд ва ба навъе либерал демократияро дар Аврупо ба чолиш кашидааст.

Бо вуҷуди ақибнишинии Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса аз сиёсатҳое назири афзоиши молиёти сӯхт, натанҳо эътирозҳо дар ин кишвар мутаваққиф нашуд, балкӣ ба улгӯе барои кишварҳои аврупоӣ табдил шуд.

 

 

Барчасп