Декабр 17, 2018 15:54 Asia/Dushanbe
  • Марги беш аз 260 муҳоҷир дар марзҳои ҷанубии Амрико

Аз ибтидои соли 2018 то кунун беш аз 260 нафар аз муҳоҷироне, ки қасди убур аз марзи Мексика ва Амрико дар ҷануб ин кишварро доштанд, ҷон бохтанд.

Ба гузориши шабакаи Би Си Нюс, бар асоси як гузориши расмии ғайридавлатӣ, бештарин мизони маргу мир дар соли 2018 марбут ба муҳоҷирони мексикоӣ бо 117 тан аст.

19 муҳоҷир аз Гватемала, 14 нафар аз онҳо аҳли Гондурас, 8 нафар аз Эл Салвадор ва боқӣ афроди ношинос ҳастанд.

Марги Ҷаклин Кэли ҳафтсола дар миёни чаҳор марги сабтшуда дар моҳи декабр ба василаи мақомоти марзӣ қарор дорад.

Ин омор марбут ба теъдоди кушташудагони сабтшуда ба василаи мақомоти марзӣ аст ва танҳо ба афроди фавтшуда дар дохили зиндони Амрико маҳдуд намешавад.

Бештарин мизоин маргу мири муҳоҷирон ношӣ аз гармозадагии шадид аст.

Ҳазорон муҳоҷир аз Амрикои Лотин тайи ҳафтаҳои ахир бо убур аз Мексика худро ба марзи Амрико расондаанд то дар ин кишвар иқомат гузинанд.

Ин муҳоҷирон умдатан барои раҳоӣ аз хушунатҳо ва фақри сарчашмаёфта аз сиёсатҳои султаҷӯёнаи Вашингтон дар кишварҳои Амрикои Лотин, ба муҳоҷират водор шудаанд.

Давлати Трамп бо истифода аз нерӯҳои артиш ва тавассул ба хушунат, марзро ба рӯйи ин паноҳҷӯён бастааст.