Декабр 17, 2018 17:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ду баробар шудани ҳаҷми тиҷорати кишварҳои ЭКО

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО гуфт: Ҳаҷми тиҷорати байни аъзои ЭКО ҳамакнун 60 миллиард доллар дар сол аст, ки бояд то 2025 ба 120 миллиард доллар афзоиш ёбад.  

Ҳодии Султонпур дар ҳошияи Нишасти Шӯрои барномарезии минтақаии ЭКО дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон афзуд: Ҳамакнун ҳафту ҳафт даҳуми дарсад ҳаҷми тиҷорати ҷаҳон дар дасти кишварҳои узви ЭКО қарор дорад ва қарор аст, ҳар сол ҳаҷми тиҷорати байни кишварҳои узв ҳудуди 10 миллиард доллар афзоиш ёбад.  

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО тасреҳ кард: Коҳиши тарифа, афзоиши сармоягузории мутафовит, эҷоди тасҳилот барои ҳамкории бахши хусусии кишварҳо ва иттисоли бозорҳо ба якдигар мавориде аст, ки дар қолаби тавофуқномаи тиҷории ЭКО бояд иҷро шавад.  

Султонпур афзуд: Кишварҳои узви ЭКО дар шаш ҳавзаи тиҷорат, ҳамлу нақл, гардишгарӣ, санъат ва маъдан, тавсеаи иқтисодӣ ва тавсеаи пойдор, музокироти дуҷонибае хоҳанд дошт, то саҳми ҳар кишвар дар иҷрои барномаҳои мушаххасшуда таъин шавад.  

Вай яке аз барномаҳои аслӣ ва муҳими ЭКО-ро иттисоли банодири дарёӣ ба банодири хушкӣ баршумурд ва гуфт: Ҳафт кишвари узви ЭКО маҳсур дар хушкӣ ҳастанд ва ба дарё роҳ надоранд, аз ин рӯ барномае дорем, то банодири дарёӣ ба банодири хушкӣ васл ва коло ба ин кишварҳо бидуни ҳазинаҳои изофӣ транзит шавад.  

Бисту нуҳумин Нишасти Шӯрои барномарезии минтақаии ЭКО бо ҳадафи тадвини сиёсатҳо ва роҳбурдҳои Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО имрӯз дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

 

Барчасп