Декабр 18, 2018 11:26 Asia/Dushanbe
  • СММ: Фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон нигаронкунанда аст

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон рӯзи душанбе нисбат ба густариши фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, Тадамичи Ямамото дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Афғонистон бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши нуфузи ДИИШ дар ин кишвар онро таҳдиде барои минтақа хонда эълом кард, дар соли 2018 беш аз ду ҳазор нафар ба далели ҳамалоти ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додааст. Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милал дар умури Афғонистон ҳамчунин ба густариши ноамнӣ ва ҷанг дар Афғонистон ишора ва хотирнишон кард, дар нуҳ моҳи нахусти соли ҷорӣ беш аз ҳашт ҳазор ғайринизомӣ, аз ҷумла ду ҳазору 136 кӯдак дар ин кишвар кушта шудааст. Тадамичи Ямамото бо таъкид бар ин ки музокира муҳимтарин гом барои ҳаракат дар масири сулҳ дар Афғонистон аст, аз кишварҳои минтақа хост, бо эҷоди муҳите барои музокироти сулҳ ба мардуми Афғонистон барои ҳалли ихтилофоти дохилӣ кумак кунанд.

Бисёре аз мақомоту мардуми Афғонистон Амрико ва муттаҳидонашро омили аслии густариши ноамнӣ, ҷангу зуҳур ва тақвияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар кишварашон медонанд. Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар юриш бурданд, аммо аз он то кунун ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиши чашмгире доштааст.