Декабр 19, 2018 14:00 Asia/Dushanbe
  • Артиши Амрико ба фазо меравад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дастури ташкили як фармондеҳии низомиро барои фазо содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Трамп дар паёме ба Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико гуфт: “Аз Пентагон мехоҳам, номи як афсари аршадро ба унвони фармондеҳи воҳиди ҷадид, ки маъмурияти назорат бар ҳамаи фаъолиятҳои низомии кишварро дар фазо ба ӯҳда хоҳад дошт, пешниҳод диҳад”.

Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико низ дар суханронии худ дар маркази фазоии Кеннеди гуфт, фармондеҳии ҷадиди воҳиди низомии фазоии “Спайском” ном гирифтааст ва ёздаҳумин фармондеҳи низомии Петагонро шомил хоҳад шуд.  

Ба гуфтаи Пенс, воҳиди низомии фазоии Амрико ба низомиёни Амрико иҷоза хоҳад дод аз ин кишвар дар ҳавзаи ҷадид дифоъ кунанд.

 

Барчасп