Ҳукми қозии амрикоӣ алайҳи сиёсати зиддимуҳоҷиратии Трамп
Декабр 20, 2018 11:59 Asia/Dushanbe
Як қозии амрикоӣ сиёсатҳои давлати Доналд Трамп барои маҳдуд кардани мутолиботи паноҳандагии афродро бо тавассул ба мавзуи хушунати дохилӣ дар ин кишвар, рад кард.
Эммет Сулливан, қозии Вашингтон Ди Си сиёсатҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар барои маҳдуд кардани мутолиботи паноҳандагии афрод, таҳти унвони хушунати дохилӣ дар Амрикоро рад кард ва бознигарӣ дар парвандаи шаш муҳоҷири ихроҷшуда аз ин кишварро хостор шуд.
Вай гуфт: “Ин сиёсат, қонуни муҳоҷират ва низ қавонини давлати Амрикоро нақз мекунад”.
Ин ҳукм тозатарин шикасти ҳуқуқӣ барои сиёсатҳои давлати Амрикост, ки бо ҳадафи маҳдуд кардани муҳоҷират дар ин кишвар иҷро мегардад.
Барчасп