Трамп дастури хуруҷи 7000 неруи амрикоӣ аз Афғонистонро содир кард
(last modified Fri, 21 Dec 2018 11:22:15 GMT )
Декабр 21, 2018 16:22 Asia/Dushanbe
  • Трамп дастури хуруҷи 7000 неруи амрикоӣ аз Афғонистонро содир кард

Як рӯз пас аз дастури ғайримунтазираи раиси ҷумҳурии Амрико барои хуруҷи ҳамаи низомиёни ин кишвар аз Сурия, Трамп ба вазорати дифои Амрико фармон додааст, ки раванди хуруҷи неруҳои низомии ин кишвар аз Афғонистонро оғоз кунад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, рӯзномаи «Уолл-стрит джорнэл» бомдоди ҷумъа ба нақл аз як мақоми аршади Петагон гузориш дод, ки ниме аз неруҳои низомии Амрико, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, дар муддати чанд ҳафта ба мурур ин кишварро тарк мекунанд.

Ин иқдом, аввалин қадам аз барномаи марҳилабандишудаи коҳиши чашмгири ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон ва поён додан ба ин ҳузур пас аз 17 сол аст.

Ин тасмим як рӯз пас аз он эълом шудааст, ки давлати Амрико дар баёнияе ғайримунтазира эълом кард, низомиёни ин кишвар дар ду то се моҳи оянда Сурияро тарк хоҳанд кард.

Як расонаи амрикоӣ ҳам гузориш дод, ки Амрико қасд дорад пойгоҳи роҳбурдии «Алтанф» воқеъ дар мусалласи марзии Сурия, Урдун ва Ироқро таътил кунад.

Амрико дар ҳоли ҳозир беш аз 14 ҳазор неруи низомӣ дар Афғонистон дорад, ки бахши умдаи онҳо дар қолаби маъмурияти Созмони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар заминаи омӯзиши неруҳои маҳаллӣ ва пуштибонӣ аз онҳо фаъолият мекунанд.

Джеймс Мэттис вазири дифои Амрико панҷшанбешаб ба далели ончи баъзе расонаҳои амрикоӣ мухолифати вай бо хуруҷ аз Сурия хондаанд, аз симаташ канорагир кард.

Хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Сурия ва Афғонистон аз шиорҳои интихоботии Трамп будааст ва вай ҳузури низомии Амрико дар ин кишварҳоро бар бод додан долларҳои мардуми кишвараш медонад.