Декабр 21, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ҳузури Амрико дар Сурия ғайриқонунӣ аст

Раиси ҷумҳурии Русия бо ишора ба ваъдаи Доналд Трамп барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия, ҳузури низомии Амрикоро дар Сурия ғайриқонунӣ хонд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия рӯзи панҷшанбе пас аз конфронси матбуотии солона дар посух ба пурсиши хабарнигорон гуфт, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико сиёсати мушаххасе дар Сурия надорад ва ҳануз хуруҷи низомиёни амрикоӣ қатъӣ нест.

Раиси ҷумҳурии Русия дар хусуси ваъдаи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия афзуд: Амрикоиҳо 17 сол аст дар Афғонистон ҳузур доранд ва ҳар сол дар бораи хуруҷ аз ин кишвар ҳарф мезананд.

Путин таъкид кард: Мудохилаи низомии Амрико дар Сурия ғайриқонунӣ аст.

Раиси ҷумҳурии Русия, ҳамчунин дар бораи сиёсати Амрико ва давлатҳои ғарбӣ дар хусуси қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Арабистон гуфт, Вашингтон ва давлатҳои ғарбии мутаҳиди Кохи Сафед, дар ин маврид содиқона амал накарданд.

Путин дар хусуси таҳаввулоти Украина низ гуфт, бо ҳузури ҳокимони зиддирусӣ дар Украина, танишҳо идома хоҳад дошт.

Путин тасреҳ кард, иқдомоти танишофарини давлати Украина алайҳи мардуми манотиқи шарқии ин кишвар, пазируфтанӣ нест.

Раиси ҷумҳурии Русия, ҳамчунин дар оғози конфронси матбуотии худ аз тасмими Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико барои хуруҷ аз Паймон неруҳои ҳастаии миёнбурд - INF ба шиддат интиқод кард.

 

Барчасп