Декабр 22, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
  • Лаҷоҷати Трамп ва таътилии бахше аз давлати Амрико

Сохти девор дар марзи Амрико ва Мексика, аз шиорҳои Доналд Трамп аз ибтидои муборизоти интихоботиаш буда ва пас аз вуруд ба Кохи Сафед ин масъаларо бо ҷиддият дунбол кардааст.

Ин иқдом дар чорчуби сиёсати муҳоҷиратии вай яъне мамониат аз вуруди муҳоҷирон ба Амрико анҷом мешавад.

Ин масъала мухолифони ҷиддӣ дар Конгресси Амрико ба вижа дар миёни демократҳо доштааст.

Трамп, ки бо чашмандози сайтараи демократҳо бо оғози кори маҷлиси ҷадид дар январи 2019 мувоҷеҳ аст, талош карда, то дар охирин моҳи 2018 будҷаи 5 миллиард долларии мадди назари худ барои эҳдоси девори марзиро ба тасвиби конгресс бирасонад.

Ин масъала ба маҳалли ҷидоли байни Кохи Сафед ва конгресс табдил шуда ва Трамп барои таҳаққуқи хости худ таҳдиди таътилии давлати федералро пеш кашид.

Трамп гуфт: аз инки ба хотири ҳимоят аз ихтисоси 5 миллиард доллар будҷаи мавриди ниёз барои сохти девори Мексика, давлат ба таътилӣ кашонда шавад, эҳсоси ғурур хоҳад кард.  

Маҷлиси намояндагони Амрико панҷшанбе барои ҷилавгирӣ аз таътилии давлат, зимни тасвиби лоиҳаи будҷаи муваққати давлат, бо ихтисоси эътибори мавриди тақозои Трамп барои таъмини будҷаи эҳдоси девори марзӣ бо Мексика мувофиқат кард.

Лоиҳаи будҷаи муваққати давлати Амрико ба далели тағйироти анҷомшуда, бори дигар дар рӯзи ҷумъа дар сенат баррасӣ шуд, аммо ба натиҷае нарасид.

Бадин тартиб таътилии як чаҳоруми ниҳодҳои давлатии Амрико бо итмоми ҷаласаи ҷумъаи конгресс ва даст наёфтан ба тавофуқе барои тарҳи будҷаи изтирорӣ қатъӣ шуд.

Ин таътили аз нимаишаб ҷумъа ба вақт маҳаллӣ иҷрои шуд. Трамп бо пофишорӣ бар мавзеаш гуфта буд, ки интизори таътилии тӯлонии ниҳодҳои давлатиро дорад.

Ненси Пелосӣ, раҳбари фраксияи ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико ҳушдор дод, ки таътилии давлат ин бор муҷиби бекорӣ ва пардохт накардани ҳуқуқи дастикам 800 ҳазор корманд хоҳад шуд.  

Мардуми Амрико акнун ба аён мушоҳида мекунанд, ки Трамп барои ба курсӣ нишондани ҳарфи худ бидуни таваҷҷуҳ ба манофеи миллӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон ҳатто ҳозир ба таътил кардани давлати федерал аст.

 

 

Барчасп