Декабр 22, 2018 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Интерпол дар бораи эҳтимоли зуҳури «ДИИШ-и дуввум»

раиси Интерпол дар бораи оғози мавҷи дуввуми ҳамалоти террористии ифротгароён дар Аврупо, ҳушдор дод ва таъкид кард, Аврупо эҳтимолан ба зуддӣ шоҳиди ҳамалоти гурӯҳи террористии ҷадиде мавсум ба «ДИИШ-и дуввум» хоҳад буд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Юрген Шток, раиси Интерпол дар бораи оғози мавҷи ҷадиди терроризми ифротӣ, ҳушдор дод ва таъкид кард, такфириҳое, ки қарор аст аз зиндон озод шаванд, мумкин аст таҳдиди террористии ҷадиде барои Аврупо эҷод кунанд.

Вай афзуд, ин таҳдид ҳам аз ҷониби ифротгароёни мавсум ба ҷиҳодгароне аст, ки аз манотиқи даргирӣ дар Ховари Миёна ба кишварҳои худ боз мегарданд ва ҳам аз ҷониби пайравони гурӯҳҳои террористие, ки ба далели ҳимоят аз ДИИШ барои муддати маҳдуд ба зиндон афтодаанд.

Ин мақоми аршади Пулиси байналмилал таъкид кард, бисёре аз ин афрод гумонбарони террористӣ ё афроде ҳастанд, ки ба далели иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ ва ё ҳимоят аз онҳо ба 2 то 5 сол зиндон маҳкум шуда буданд.

Шток гуфт, ин насл аз ҳомиёни аввалияи гурӯҳҳои террористӣ дар як ду соли оянда аз зиндон озод мешаванд ва мумкин аст, дубора ба гурӯҳҳои террористӣ бипайванданд ва ё аз фаъолитҳои террористӣ ҳимоят кунанд.

Аврупо ва кишварҳои ғарбӣ дар солҳои гузашта бо мавҷе аз ҳамалоти террористӣ рӯбарӯ буданд. Ин ҳамалот умдатан аз ҷониби гурӯҳи террористии ДИИШ созмондеҳӣ ва барномарезӣ шуда буд ва ин гурӯҳи террористӣ, масъулияти аксари онҳоро бар ӯҳда гирифтааст.