Декабр 24, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Қрим ба қатъномаи ҳуқуқи башари СММ

Муовини аввали нахуствазири давлати маҳаллии Қрим дар вокуниш ба қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, сафари бозрасони ин созмонро барои рафъи иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар дар ин минтақа, хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ефим Фикс (Yefim Fix), муовини аввали нахуствазири давлати маҳаллии Қрим дар пайи судури қатъномаи Маҷмаи умумии СММ, ки дар он Русия ба нақзи ҳуқуқи башар дар Қрим муттаҳам шудааст, гуфт, намояндагони кишварҳое, ки аз қатъномаи пешниҳодии Украина бинобар нақзи ҳуқуқи башар дар Қрим ҳимоят карданд, бояд ибтидо ба ин минтақа сафар ва сипас дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар он, қазоват кунанд.

Вай афзуд, давлати Қрим омодаи таъмини имконот ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид барои бозрасӣ ва назорати бетарафона дар Қрим аст, зеро дар ин сурат, иттилоот бино бар нақзи ҳуқуқи башар дар ин минтақа, таъйид нахоҳад шуд.

Маҷмаи умумии СММ рӯзи шанбе ба пешниҳоди Украина, қатъномаеро бино бар нақзи ҳуқуқи башар дар Қрим тасвиб кард, ки 65 кишвар ба он раъйи мувофиқ доданд, 27 кишвар мухолифат карданд ва 70 кишвар низ ба он раъйи бетараф доданд.

Ба думболи кудатои ғарбгароҳо алайҳи давлати вақти Украина дар соли 2014, шарқи ин кишвар, саҳнаи даргирии давлат бо мухолифон шуд ва дар идома, шибҳи ҷазираи Қрим тайи ҳамапурсӣ аз Украина ҷудо ва ба Русия мулҳақ шуд.

Амрико ва Ғарб дар ҳимоят аз давлати ғарбгарои Украина, мақомоти Қрим ва ширкатҳои фаъол дар ин минтақаро, ҳадафи таҳримҳо ва фишорҳои байналмилалӣ қарор додаанд.

 

Барчасп