Вокуниши Русия ба радди қатъномаи паймони INF
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар 20 -уми октябри соли 2018 эълом кард, ки Амрико аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (INF) хориҷ хоҳад шуд.
Баҳонаи аслии Амрико барои хуруҷ аз ин паймони роҳбурдӣ ва бисёр муҳим, нақзи бандҳои он тавассути Русия аст.
Пас аз он, Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико низ дар 4 - уми декабр эълом кард, ки Вашингтон ба муддати 60 рӯз аз пойбандӣ ба Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд худдорӣ хоҳад кард то Маскав зарфи ин муддат тааҳҳуди амалии худро ба он нишон диҳад ва дар ғайри ин сурат аз ин паймон хориҷ хоҳад шуд.
Дар вокуниш ба иқдомоти манфии Амрико барои хуруҷ ва беэътибор кардани паймони INF, Русия рӯзи ҷумъа талош кард то бо тасвиби қатъномае дар Маҷмаи умумии Созмони Милал, монеъ аз ин иқдоми бесуботкунандаи Вашингтон шавад. Бо ин ҳол пешнависи қатъномаи пешниҳодии Русия дар бораи лузуми ҳифзи Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд натавонист ҳимояти Маҷмаи умумии Созмони Милалро ба даст овард. Ва 43 кишвар ба ин пешнавис раъйи мусбат, 46 кишвар раъйи манфӣ ва 78 кишвар бетарафӣ ихтиёр карданд. Кишварҳои Эрон, Сурия, Чин, Утриш ва Беларус аз ин санад ҳимоят карданд. Амрико, Лаҳистон ва Украина ҳам аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки ба қатънома раъйи мухолиф доданд.
Бар асоси асли 18 –и эъломияи Созмони Милал, тасвиби ҳар пешнависе ниёзманди ду савуми орои кишварҳои ҳозир дар маҷмаи умумӣ аст.
Ин масъала вокуниши шадиди Маскавро ба ҳамроҳ доштааст. Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе натиҷаи раъйгирии Маҷмаи умумии Созмони Милал дар бораи пешнависи қатъномаи марбут ба ҳифзи паймони INF, онро зарбаи ҷадиде ба сохтори амниятии ҷаҳон номида ва таъкид кард, кишварҳое, ки аз ин санад ҳимоят накарданд, дар воқеъ аз иқдоми Вашингтон дар тахриби ин паймони муҳим қадрдонӣ кардаанд.
Дар ин баёния таъкид шуд, бо аз байн рафтани Паймони мушакии INF мусобиқаи таслиҳотии ҷадиде оғоз шуда ва хатари бурузи даргириҳои мустақим дар бархе манотиқи ҷаҳон вуҷуд дорад.
Аз сӯйи дигар, мақомоти Маскав муътақиданд, ки Амрико дар пушти саҳна ва бо эъмоли фишор ба дигар кишварҳо, монеъ аз тасвиби ин қатънома шудааст.
Никки Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони Милал рӯзи панҷшанбе дар номае ба тамоми кишварҳои узв хост то алайҳи ин пешнавис раъй диҳанд ва эълом кард, ки барои радди ин пешнавис ба ду севуми орои кишварҳои узви Созмони Милал ниёз аст.
Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милал гуфт, Амрико дар номае ба аъзои Созмони Милал таъкид карда, ки бояд пешнависи қатъномаи ироашуда дар бораи паймони INF аз сӯйи Русияро рад кунанд.
Масъалаи аслии мадди назар дар қатъномаи пешниҳодии Русия ин буд, ки ин паймон бояд ба унвони яке аз санги биноҳои амниятии Аврупо ва ҷомеаи байналмилал мавриди ҳимоят қарор гирад. Дар ин пешнавис аз имзокунандагони он хоста шуда буд то ба ройзаниҳо барои ҳифзи ин паймон идома диҳанд.
Амрико ва Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар декабри соли 1987 Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурдро имзо карда ва аз июни 1988 ба иҷро дароварданд. Ин паймон Вашингтон ва Маскавро аз истиқрори мушакҳои “баллистик” ва “куруз” дар Аврупо манъ мекунад. Ҳадаф аз ин паймон маҳви мушакҳои ҳастаии “баллистик” ва “куруз” ва саку ё нуқтаҳои партоби онҳо, бо бурди 500 то 1000 ва 1000 то 5500 километр буд. Дар сурати хуруҷи қатъии Амрико аз ин паймон, на фақат тавсеа ва истиқрори мушакҳои “баллистик” ва “куруз” –и заминпояи кӯтоҳбурд ва миёнбурд бори дигар аз сар гирифта хоҳад шуд, балки метавон пешбинӣ кард, ки Вашингтон ин таслиҳотро бори дигар дар Аврупо мустақар хоҳад кард, ки ин иқдом ба таври ҳатмӣ вокуниши муқобили Русияро ба дунбол хоҳад дошт. Ба ин тартиб, ҷаҳон ва ба вижа қораи Аврупо бори дигар шоҳиди мусобиқаи таслиҳотии ҷадиде хоҳанд буд.