Декабр 24, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти нахуствазири собиқи Покистон ба ҳафт сол зиндон

Қозии аршади додгоҳи Исломобод бо муҷрим шинохтани Навоз Шариф, нахуствазири собиқи Покистон вайро ба ҷурми пулшуӣ ба 7 сол зиндон ва пардохти ҷаримаи нақдӣ маҳкум кард.

Аршад Малик, қозии аршади додгоҳи Исломобод бо муҷрим шинохтани Навоз Шариф, нахуствазири собиқи Покистон вайро ба 7 сол зиндон ва пардохти ҷаримаи нақдӣ маҳкум кард.

Навоз Шариф илова бар таҳаммули зиндон, бояд 25 миллион доллар ҷаримаи нақдӣ пардохт кунад.  

Вай иттиҳомоташро напазируфт ва гуфт: Хадамоти зиёде барои мардуми Покистон анҷом додааст, бинобарин тарсе аз зиндон надорад.

Ӯ ҳамчунин дархост кард, ки ба ҷои зиндони Адёла, ки маҳалли нигаҳдории террористҳои хатарнок ва аз тарсноктарин зиндонҳои артиши Покистон аст, дар Лоҳур зиндонӣ шавад.

Додгоҳи вижаи мубориза бо фасод Марям Навоз, духтари Навоз Шарифро ба 7 сол ва капитан Навид, домоди вайро ба як сол зиндон маҳкум кардааст.