Декабр 24, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Толибон солона яку ним миллиард доллар даромад дорад

Гурӯҳи Толибони Афғонистон бо фурӯши маводи мухаддир ва баҳрабардории ғайриқонунӣ аз маодини Афғонистон, ҷамъоварии қабзҳои барқ ва мусоидати чанд кишвари хориҷӣ солона беш аз 1,5 миллиард доллар даромад касб мекунад.

Тулуъниюзи Афғонистон дар гузорише бо эъломи инки даромади имсоли Толибони аз ин манобеъ дар муқоиса бо соли қабл бештар будааст, навишт: Аз 2015 ба ин сӯ пешбинӣ мешуд, ки даромади солонаи ин гурӯҳ ҳудуди 400 миллион доллар бошад, ин дар ҳолест, ки ин даромадҳо ба далоили мухталиф ҳар сол бештар мешавад.

Ин гузориш даромади солонаи Толибон аз ноҳияи қочоқи маводи мухаддирро аз 100 миллион то 400 миллион доллар, аз маҳалли истихроҷ ғайриқонуниӣаз маодин 50 миллион доллар ва аз маҳалли кумаки кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Покистон, Русия ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс беш аз 500 миллион доллар унвон кард ва афзуд: Бархе аз таҳлилгарони умури низомӣ муътақиданд, ки ниҳодҳои иттилоот ва амниятӣ ва таҳқиқоти Афғонистон токунун дар ёфтани манобеи даромади Толибон нотавон буданд, дар ғайри ин сурат метавонистанд аз дастрасии ин гурӯҳ ба ин манобеи даромадӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Додуллоҳи Қонеъ, муовини Ҳизби ваҳдати миллии Афғонистон гуфтааст: Ҷанги дохилӣ дар Афғонистон дорои маншаи хориҷӣ аст, зеро имрӯза шибҳнизомиёни Толибон аз роҳҳои мухталиф аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ба хориҷ аз кишвар, дастёбӣ ва баҳрабардорӣ аз гумрукот ва ҳимояти кишварҳои хориҷӣ иртизоқ мекунанд ва ба ҳамин далел ҳамчунон ба бақои худ идома медиҳанд.