Декабр 26, 2018 20:59 Asia/Dushanbe
  • Ба таъхир афтодани интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Комиссияи интихоботи Афғонистон аз таъхири семоҳа дар баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод.  

Комиссияи интихоботи Афғонистон эълом кард, интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, ки қарор буд, 20 апрели 2019 баргузор шавад, бо се моҳ таъхир баргузор хоҳад шуд.

Кундии раванди сабти номи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон яке аз далоили ин таъхир эълом шудааст.

Пеш аз ин, Рафеуоллоҳи Бедор, яке аз аъзои Комиссияи интихоботи Афғонистон низ гуфта буд, ки ҳадаф аз таъхир дар интихобот, овардани ислоҳот ва беҳтар шудани умури интихоботӣ аст, ки ба кор ва замони бештаре ниёз дорад.