Фоли бади пешгӯи булғорӣ барои Путин ва Трамп дар соли 2019
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40501-Фоли_бади_пешгӯи_булғорӣ_барои_Путин_ва_Трамп_дар_соли_2019
Пешгӯи машҳури Булғориё, ки соли 1996 дар гузашта ҳаводиси солҳо пас аз марги худро низ пешгӯӣ карда ва соли 2019-ро соли наҳсе барои сарони Амрико ва Русия донистааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 27, 2018 14:05 Asia/Dushanbe
  • Фоли бади пешгӯи булғорӣ барои Путин ва Трамп дар соли 2019

Пешгӯи машҳури Булғориё, ки соли 1996 дар гузашта ҳаводиси солҳо пас аз марги худро низ пешгӯӣ карда ва соли 2019-ро соли наҳсе барои сарони Амрико ва Русия донистааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Daily Mail”-и Англия, Баба Ванга (Baba Vanga) пешгӯӣ кардааст, ки дар соли 2019 раисиҷумҳури Русия ба дасти яке аз муҳофизони худ, террор мешавад.

Баба Ванга барои раисиҷумҳури Амрико ҳам соли 2019-ро соли наҳсе пешгӯӣ кардааст, чаро, ки ӯ ба як бемории ношинохта мубтало мешавад ва ин беморӣ дар ниҳоят мӯҷиби ношунавоии ӯ хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин барои раисиҷумҳури Амрико дар соли 2019 осебдидагии ваҳшатноки яке аз аъзои хонаводаашро пешгӯӣ кардааст.

Сунамии вайронгар дар бахшҳои васее аз Осиё ва фурӯпошии иқтисоди Аврупо низ аз дигар пешгӯиҳои Ванга барои соли 2019 аст.

Гуфта мешавад, Баба Ванга, ки ба “Нострадамус Балкан” шӯҳрат дорад, пешгуиҳои бисёре дар бораи солҳои гузашта анҷом дода буд, ки теъдоде аз онҳо аз ҷумла ҳаводиси 11 сентябр ва хурӯҷи Англия аз Иттиҳоди Аврупо ба вуқӯъ пайвастанд.