Декабр 27, 2018 22:44 Asia/Dushanbe
  • Барканории вазири умури хориҷаи Арабистон

Шоҳи саъудӣ дар фармонҳое ҷудогона вазирони умури хориҷа ва иттилоърасонии Арабистонро барканор ва дар Шурои умури сиёсӣ ва амниятии ин кишвар тағйироте эҷод кард.

Ба нақл аз ИРНО, манобеъи саъудӣ рӯзи панҷшанбе аз тағйироте дар кобинаи Арабистон хабар доданд ва эълом карданд, ки Шурои умури сиёсӣ ва амниятии ин кишвар низ дастхуши тағйирот шудааст.

Манобеъи саъудӣ гуфтанд Одил Алҷубайр аз Вазорати умури хориҷа барканор, аммо ба симати вазири мушовири давлат дар умури хориҷа таъин шудааст.

Бино бар эъломи рсонаҳои саъудӣ, Иброҳим Алъасоф ҷонишини Одил Алҷубайр шудааст.

Расонаҳои саъудӣ ҳамчунин эълом карданд, ки подшоҳи ин кишвар Абдуллоҳ бин Бандар бин Абдулъазизро ба унвони вазири горди миллӣ ва  Туркиюлшабонаро ба унвони вазири иттилоърасонӣ мансуб кард.

Муҳаммад бин Навоф бин Абдулъазиз Оли саъуд сафири Риёз дар Лондон низ аз симати худ барканор шуд.