Масъули сафҳаи Инстаграми ДИИШ равонаи зиндон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40518-Масъули_сафҳаи_Инстаграми_ДИИШ_равонаи_зиндон_шуд
Додгоҳи расидагӣ ба ҷиноятҳои вазнини Боку, рӯзи ҷумъа як шаҳрванди ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки масъули сафҳаи Инстаграми гурӯҳи террористии ДИИШ буд, ба ҳабси дарозмуддат маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 28, 2018 20:54 Asia/Dushanbe
  • Масъули сафҳаи Инстаграми ДИИШ равонаи зиндон шуд

Додгоҳи расидагӣ ба ҷиноятҳои вазнини Боку, рӯзи ҷумъа як шаҳрванди ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки масъули сафҳаи Инстаграми гурӯҳи террористии ДИИШ буд, ба ҳабси дарозмуддат маҳкум кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Репорт, додгоҳи ҷиноятҳои вазнини Боку расидагӣ ба парвандаи Алдениз Муҳаммадовро рӯзи ҷумъа ба поён расонд ва Роҳиб Салмонов қозии ин додгоҳ, ҳукми 15 солу шаш моҳи зиндонро барои ӯ содир кард.

Бар асоси парванда, Муҳаммадов ба муддати тӯлонӣ дар канори гурӯҳи террористии ДИИШ дар даргириҳои низомӣ мушорикат дошта ва ба Абуҷиҳод маъруф буд.

Алдениз Муҳаммадовро хадамоти амнияти давлатии ҷумҳурии Озарбойҷон дастгир кардааст.

Ба гузориши манобеи расмии ҷумҳурии Озарбойҷон, то ба ҳол беш аз ҳазор шаҳрванди ин ҷумҳурӣ барои ширкат дар даргириҳои низомӣ роҳии Сурия шудаанд ва муҳимтарин далели сафари онон ба Сурия, таъсир гирифтан аз таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст.

Мадат Қулиев раиси хадамоти амнияти давлатии ҷумҳурии Озарбойҷон низ чанде пеш эълом кард, аксари шаҳрвандони Озарбойҷонӣ, ки барои ширкат дар даргириҳои низомӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, дар ин даргириҳо кушта шудаанд.