Декабр 29, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таътилии давлати Амрико

Таътилии давлати Амрико ин ҳафта низ идома меёбад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, бо бенатиҷа мондани гуфтугӯ байни ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ бар сари буҷаи раисҷумҳури Амрико барои бунёди девори марзӣ, ҳар гуна умед барои азсаргирии фаъолияти давлати ба таътилӣ кашидашудаи ин кишвар дар ҳафтаи баъд аз миён рафт.

Дар ҳоле, ки бештари намояндагони сенати Амрико низ дар таътилӣ ба сар мебаранд, нишасти чанддақиқаии намояндагон дар миёни сандалиҳои холии ин маҷлис бар сари буҷа дар рӯзи чаҳоршанбе низ бенатиҷа монда буд.

Дар ҳамин ҳол, Соро Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед демократҳоро муттаҳам кардааст, ки ошкоро аз таътил мондани давлат ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳимоят мекунанд ва исрор доранд, ки буҷаи дархостии давлат барои эҳдоси девори марзӣ таъмин нашавад.

Дар ҳоле, ки аъзои ду ҳизб ҳамчунон даргири баҳси девори марзӣ ҳастанд, ҳаштсад ҳазор нафар аз коркунони бахши федерали Амрико маоши худро дарёфт намекунанд ва бахшҳои ғайриҳаётии давлат низ ба шакли таътил даромадаанд.

Трамп гуфтааст, панҷ миллиард доллар барои густариш ва беҳбуди монеаҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубӣ бо Мексика ниёз дорад ва ин дар ҳоле аст, ки бархе, аз ҷумла ҳамҳизбиҳои Трамп вайро ба иғроқгӯӣ дар хусуси хатари муҳоҷирони ғайриқонунӣ муттаҳам мекунанд то ба ин васила ҳадафҳои сиёсии худро дунбол кунад.

 

 

Барчасп