Боздошти аъзои шабакаи Гулен дар кишварҳои мухталиф
(last modified Sun, 30 Dec 2018 08:17:14 GMT )
Декабр 30, 2018 13:17 Asia/Dushanbe
  • Боздошти аъзои шабакаи Гулен дар кишварҳои мухталиф

Хадамоти иттилоотии амнияти Туркия дар чандин кишвари ҷаҳон гурӯҳе аз маъмурони амниятии худро муваззаф кардааст то аъзои фирории шабакаи Гуленро дастгир кунанд.

Ба гузориши рӯзномаи “Ҳуррият” хадамоти иттилоотии амнияти Туркия дирӯз яке аз сарони шабакаи Фатҳуллоҳ Гулен ба номи Меҳмет Гуленро дастгир кард.

Маъмурони амниятии Туркия ин узви фирории шабакаи Гуленро, ки бо гузарномаи қалбакӣ аз ҷумҳурии Озарбойҷон ба Беларус гурехта буд, ба Туркия бозгардонданд.

Рӯзи гузашта ҳамчунин яке дигар аз аъзои шабакаи Гулен дар Қибриси Шимолӣ дастгир ва ба дохили Туркия мунтақил шуд.

Одил Уксӯз ба унвони яке аз муҳимтарин чеҳраҳои ин гурӯҳ, ки баъд аз Фатҳуллоҳ Гулен, марди шумораи дуи ин шабака маҳсуб мешавад, аз афроде аст, ки ба шиддат таҳти таъқиби неруҳои амниятии Туркия аст.

Ин фард пас аз кудатои нофарҷоми соли 2016 дастгир шуд, аммо бо кумаки яке аз додситонҳои Туркия, ки ба шакли зеризаминӣ бо шабакаи Гулен ҳамкорӣ мекард, бар асоси баъзе гузоришҳои амниятӣ ба як кишвари аврупоӣ гурехтааст.