Декабр 30, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Марзбонони Қазоқистон ба сӯи моҳигирони озарбойҷонӣ оташ гушуданд

Расонаҳои ҷумҳурии Озарбойҷон аз тирандозии нерӯҳои марзбонии Қазоқистон дар дарёи Хазар ба сӯи моҳигирони озарбойҷонӣ ва маҷрӯҳ кардани яке аз онҳо хабар доданд.

Пойгоҳи хабарии Репорт ба нақл аз нерӯи марзбонии Қазоқистон гузориш дод, ки маъмурони марзии ин кишвар барои мутаваққиф кардани як фарванд каштии моҳигирӣ, ки вориди обҳои Қазоқистон дар дарёи Хазар шуда буд, ногузир ба тирандозӣ шуданд.

Яке аз чаҳор сарнишини ин каштӣ, ки дар ҳоли сайди ғайримуҷоз буд, дар асари тирандозӣ маҷрӯҳ шуд.

Марзбонони Қазоқистон дар ҷарёни бозрасӣ аз каштии тавқифшуда 40 моҳии ховиёр, васоили вижаи сайди қочоқи моҳӣ, васоили иртибототи моҳвораӣ ва имконоти новбарӣ кашф карданд.