Генерал Дӯстум: Муовини раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон узбек бошад
Генерал Абдурашид Дӯстум аз аъзои меҳварии эътилофи бузурги миллии Афғонистон эълом кард, ки аз фарде дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳимоят мекунад, ки курсии муовинати аввали раёсатҷумҳуриро ба ақвоми узбек ихтисос диҳад.
Ба гузориши Тасним, генерал Дӯстум дар нишасти машваратӣ бо аъзои Ҳизби ҷунбиш ва бузургони ақвоми узбек гуфт, бо ҳамаи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар машварат кардааст ва дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ аз фарде ҳимоят хоҳад кард, ки курсии муовинати аввали раёсатҷумҳуриро ба ақвоми узбек ихтисос диҳад.
Ин дар ҳоле аст, ки аъзои эътилофи бузурги миллии Афғонистон қарор буд бар асоси хатти маши сиёсии мушаххас номзади муштаракро барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар муаррифӣ кунанд.
Пеш аз ин гумонаҳое вуҷуд дошт, ки бо муаррифии номзади воҳид аз сӯи гурӯҳҳои мухолиф, Ашраф Ғанӣ шонсе барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар нахоҳад дошт.
Аммо зоҳиран аъзои ҷараёни мухолифи давлати Афғонистон дучори парокандагӣ шудаанд ва эҳтимол дорад сафороиҳои сиёсии ҷадиде дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар шакл бигирад.