Ришваи се миллиардӣ барои мизбонии музокироти сулҳи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40627-Ришваи_се_миллиардӣ_барои_мизбонии_музокироти_сулҳи_Афғонистон
Пойгоҳи иттилоърасонии Алъарабӣ Алҷадид навишт, ки Абудабӣ се миллиард доллар дар Бонки марказии Покистон сипурдагузорӣ карда, то мақомоти ин кишварро ба афзоиши фишор бар Толибон барои гуфтугӯ бо Афғонистон дар Абудабӣ водорад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 01, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ришваи се миллиардӣ барои мизбонии музокироти сулҳи Афғонистон

Пойгоҳи иттилоърасонии Алъарабӣ Алҷадид навишт, ки Абудабӣ се миллиард доллар дар Бонки марказии Покистон сипурдагузорӣ карда, то мақомоти ин кишварро ба афзоиши фишор бар Толибон барои гуфтугӯ бо Афғонистон дар Абудабӣ водорад.  

Пойгоҳи хабарии қатарии Алъарабӣ Алҷадид навиштааст: Бар асоси иттилооти фошшуда, Иморот се миллиард доллар ба унвони ришваи сиёсӣ дар Бонки марказии Покистон ба вадиа гузошта, то мақомоти Исломобод фишорҳои худро бар Толибон барои вуруд ба гуфтугӯ бо давлати Афғонистон ва Амрико дар Абудабӣ ва сипас дар Риёз афзоиш диҳанд.

Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ, ин иқдом дақиқан шабеҳи ҳамон корест, ки Абудабӣ ҳудуди ду моҳи қабл дар Эфиопия анҷом дод.  

Иморот муодили се миллиард долларро дар Бонки марказии Эфиопия ба вадиа гузошт, то мақомоти ин кишвар бо нақши Абудабӣ ба унвони миёнҷӣ барои ҳалли буҳрони миёни Эфиопия ва Эритрея ва оштии ду кишвар мувофиқат кунанд.

Алъарабӣ Алҷадид афзудааст: ба Назар мерасад, ки Абудабӣ имрӯз мекӯшад, ба ниёбат аз Риёз, нақши асосиро дар раванди музокироти Толибон ва давлати Афғонистон бозӣ кунад.  

Ҷанг дар Афғонистон тӯлонитарин ҷангест, ки Иёлоти Муттаҳида даргири он шуда ва баровардҳо ҳокӣ аст, ин ҷанг ҳудуди як триллион доллар барои Вашингтон ҳазина доштааст.  

Алъарабӣ Алҷадид ба нақл аз бархе манобеи арабӣ навишт: Талошҳои Амрико барои интиқоли раванди музокироти сулҳи Афғонистон ба Риёз аз ин ҷиҳат аст, ки тибқи тарҳи аз пеш тарроҳишуда мехоҳанд, тавофуқи сулҳ бо Толибон ва Афғонистон дар Риёз иттифоқ биафтад, то Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико битавонад чеҳраи махдушшудаи Муҳаммад бин Салмонро дар ғарб дар паи қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди Арабистон дар Истанбул, ислоҳ кунад ва Бин Салмонро миёнҷии сулҳ дар ҳалли парвандаи Толибон нишон диҳад.