Январ 02, 2019 18:45 Asia/Dushanbe
  • Солим берун овардани навзоди 11 моҳа аз зери овор дар Магнитогорск

Имдодгарон тавонистанд, як навзоди 11 моҳаро солим аз зери оворҳои сохтмони вайроншуда бар асари инфиҷор дар Магнитогорски Русия берун оваранд.  

Ба нақл аз Ирно, амалиёти наҷот ҳамчунон идома дорад, аммо пешбинӣ мешавад, ки аҷсоди бештаре аз зери оворҳо берун кашида шавад.  

Шумори қурбониёни ҳодисаи инфиҷори газ дар сохтмони маскунӣ дар Урали Русия ҳар лаҳза бештар мешавад ва то ин лаҳза 19 ҷасад аз зери овор берун кашида шудааст.  

Вазъияти 25 нафари дигар ҳануз номушаххас аст.  

Аз онҷо, ки инфиҷори газ соати чаҳори бомдоди рӯзи душанбе дар сохтмоне, ки 48 нафар номашон дар он сабт шуда буд, рух дод пешбинӣ мешавад, ки аксари сокинон ҳангоми ҳодиса дар маҳал ҳузур дошта ва сохтмон бар сари онҳо хароб шуда бошад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи душанбе бо ҳузур дар маҳалли ҳодиса дастуротеро барои идомаи иқдомоти имдодрасонӣ ва кумак ба афроди осебдида содир кард.

Ба назар мерасад, кори оворбардорӣ фардо дар ҳоле ба поён бирасад, ки шаҳри Магнитогорск сармои 25 дараҷа зери сифрро таҷруба мекунад.