Январ 02, 2019 19:15 Asia/Dushanbe
  • Хашми мардуми Марокаш аз Қуръондуздии режими саҳюнистӣ

Қуръони таърихии ба сирқатрафта аз кишвари Мағриб дар китобхонаи режими саҳюнистӣ пайдо шуд, ки ин мавзуъ хашми мардуми мағрибро барангехт.

Мардуми мағриб, ки Қуръони дастнависи камёб ва гумшудаи худро дар сайти китобхонаи миллии режими саҳюнистӣ медиданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашми худро аз ин дуздии саҳюнистҳо эълом карданд.  

Аҳмад Виҳмон, раиси Анҷумани миллии мухолифат бо оддисозии робита бо режими саҳюнистӣ гуфт: Қуръони ба сирқатрафта ва арзашуда дар сайти китобхонаи режими саҳюнистӣ ҳамон Қуръонест, ки дастнавис буда ва бо оби тилло дар даврони Абулҳасани Банӣ Марин навишта шуда ва султони Марокаш онро ба писари Салоҳиддини Аюбӣ ҳадия додааст.

Абдуссамад Белкабир, устоди донишгоҳи Мағриб мегӯяд: Сирқати Қуръони дастнавишта ва нафиси Мағриб амре ҷудо аз иқдомоти таҷовузкоронаи саҳюнизми ҷаҳонӣ барои ба зону даровардани миллатҳо ба роҳҳои мухталиф нест.

Белкабир ин иқдоми режими саҳюнистиро хилофи усули инсонӣ хонд ва гуфт Режими саҳюнистии ишғолгар натанҳо ҳар ончи дар Фаластин вуҷуд дорад, барои худ медонад, балки ба далели фақри фарҳангӣ муддаӣ аст, ҳарчи рӯи замин ҳаст, мутааллиқ ба ин режими ғосиб аст.

Режими саҳюнистӣ илова бар Қуръони мағрибӣ, дастнавиштаҳо ва китобҳои хаттии зиёдеро дар донишгоҳи худ ба намоиш гузошта, ки дар соли 1948 аз Фаластин, Мағриб ва дигар кишварҳо дуздидааст.

Пеш аз ин низ Фаластин ғорати осори бостонии худ ба дасти Режими саҳюнистиро маҳкум карда ва намоиши осордуздиро хилофи қонуни байналмилал дар бораи осори бостонӣ донист.