Истиқболи давлати Кобул аз талошҳои Эрон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон
(last modified Wed, 02 Jan 2019 15:44:32 GMT )
Январ 02, 2019 20:44 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи давлати Кобул аз талошҳои Эрон барои барқарории сулҳ дар Афғонистон

Давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз талошҳои Эрон барои барқарории сулҳ дар ин кишвар истиқбол кард.

Фаридуни Хузун, муовини сухангуи раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон зимни истиқбол аз талошҳои Эрон дар раванди сулҳи ин кишвар аз тариқи гурӯҳи Толибон гуфт, Теҳрон барои тасҳили музокирот байни афғонӣ талош мекунад.

Вай афзуд, Эрон дар бораи талошҳои худ дар раванди сулҳ ба давлати Афғонистон ҷузъиёт ироа додааст.

Ахиран сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон сафари ҳайъате аз Толибон ба Теҳронро тайид кард, ки бо ҳайъати эронӣ ба раёсати Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ҳамкории ҷумҳурии исломии Эрон бо давлати Афғонистон барои кумак ба барқарории сулҳ ва амният дар ин кишвар мавзуи тозае нест.

Сиёсати усулии ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят аз давлат, истиқлол ва ҳокимияти миллии Афғонистон аст.

Ваҳиди Мужда, коршиноси сиёсӣ дар Афғонистон дар ин бора, ки сайти хабарии Порстудей онро мунташир кардааст, гуфт: “Ҷумҳурии исломии Эрон, бидуни тардид нақши созандае дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ифо мекунад. Бинобарин бояд аз зарфияти он дар раванди музокироти сулҳ бештар кумак гирифт”.  

Абдулатиф Назрӣ, устоди донишгоҳ дар Кобул дар ин бора ва нақши ҷумҳурии исломии Эрон дар кумак ба раванди сулҳи Афғонистон, ки сайти хабарии Порстудей мунташир кардааст, мегӯяд: “Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони як кишвари қудратманд ва таъсиргузор дар минтақа ҳамвора дар беҳбуди авзои амниятӣ ва суботи сиёсӣ дар Афғонистон нақш ифо кардааст”.

Мардуми Афғонистон аз ҷанг хаста шудаанд ва ниёз доранд, то насли ояндаи ин кишвар дар сояи амният барои беҳбуди вазъияти Афғонистон тарбият шаванд, то дар оянда ин кишвар битавонад бо иттико ба тавоноиҳои дохилӣ беш аз пеш аз истиқлол ва ҳокимияти миллии худ дифоъ намояд.